Октябр 02, 2018 12:47 Asia/Dushanbe
  • Тасмими миллиардери ӯзбак барои эҳёи масҷидҳо дар Ӯзбакистон

Миллиардери ӯзбактбори сокини Русия тасмим гирифтааст барои рушди фарҳангӣ, динӣ ва иқтисодии зодгоҳаш, кишвари Ӯзбакистон кумак кунад.

Алишер Усмонов, ки яке аз сармоядорони бузург дар ҳоли ҳозир дар Русия ва ҷаҳон маҳсуб мешавад, дар мусоҳиба бо яке аз шабакаҳои телевизионии Русия, тарҳу нақшаҳои худро барои кумак ба рушди Ӯзбакистон баён кард.

Усмонов аз эҳёи мероси исломӣ дар Ӯзбакистон ба унвони яке аз тарҳҳои аслии ояндаи худ ёд кард.

Дар ин чорчӯб, ба гуфтаи ӯ сохти музеи тамаддуни исломӣ ва масҷид дар авлавият қарор дорад.

Ин миллиардери ӯзбактбори муқими Русия ҳамчунин сармоягузории калон дар бахши иқтисод ва ба вижа металлургия ва варзиши футбол, аз ҷумла эҳёи тими дар гузашта маъруфи «Пахтакор» -и Тошкандро аз дигар барномаҳои худ барои рушди ояндаи Ӯзбакистон эълом кард.

Алишер Усмонови 65 сола, зодаи ноҳияи Чусти вилояти Намангони Ӯзбакистон аст, ки дар даврони Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии динситези Ӯзбакистон мавриди ғазаби Тошканд қарор дошт ва маҷбур ба тарки кишвараш шуд.

Бо рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев, таваҷҷуҳи Алишер Усмонов ба ободонии кишвараш шитоб гирифтааст.