Машварати Тошканд бо Лондон барои бозгардондани дороиҳои Гулнора Каримова
Раиси бахши матбуоти Додситони кулли Узбакистон гуфт, додситонӣ аз тариқи ройзан(машварат)-ӣ бо Лондон, истирдоди дороиҳои марбут ба Гулнора Каримоваро, ки муттаҳам ба фасод аст, баррасӣ мекунад.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Сурайё Раҳмонова, раиси бахши матбуоти Додситони кулли Узбакистон гуфт, ҳамакнун барои Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов, раисиҷумҳури фақиди Узбакистон, ду парвандаи кайфар(ҷиноят)-ӣ ба арзиши ду миллиард доллар боз шудааст.
Созмони мубориза бо кулоҳбардории Англия сеюми октябр эълом кард, ки чанд бинои марбут ба Гулнора Каримоваро дар ин кишвар тавқиф кардааст, ки се воҳиди он бо истифода аз даромадҳои ҳосил аз фасоди молӣ, харидорӣ шудааст.
Гулнора Каримова августи соли 2015 ба ҷурми боҷгирӣ ва сарбоззадан аз пардохти молиёт ба 5 сол ба зиндон маҳкум шуд.