Октябр 08, 2018 17:16 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Конфронси байналмилалии Ҷалолуддин Румӣ дар Бишкек

Конфронси «шахсият, ирфон, калом ва инсонгароии Мавлоно Ҷалолуддин Румӣ» дар Қирғизистон ба мизбонии сафорати Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркия баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ин конфронс рӯзи душанбе ҳаштуми октябр дар Донишгоҳи Манас бо ҳузури коршиносон, устодон ва сафирони Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркия ва Қирғизистон баргузор шуд.

Ин ҷаласа ба мизбонии ройзании фарҳангии Эрон, Донишгоҳи Манас, сафоратхонаҳои Эрон, Туркия, Афғонистон ва Тоҷикистон баргузор шуд ва ҳадафи он, ошноии бештар бо осори Ҷалолиддин Румӣ ва баррасии охирин мутолиоти таҳлилии марбут ба осори ин шоири бузурги форсигӯ аст.

Дар маросими ифтитоҳияи конфронси илмӣ Муҷтабо Рӯзбеҳонӣ, сафири Эрон, Чангиз Камол Фирот, сафири Туркия, Муҳаммадисо Масеҳ, сафири Афғонистон, Суҳроб Ҳоҷӣ Оламзода, сафири Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи илмии кишварҳои мазкур дар суханоне Ҷалолиддин Румиро муаррифӣ карданд.

Муҷтабо Рӯзбеҳонӣ, сафири Эрон дар Қирғизистон дар ин нишаст аз баргузории маросими бузургдошти Мавлоно дар устони Ардабили Эрон дар моҳи октябри ҷорӣ хабар дод.

Сафири Эрон дар Бишкек баргузории нишастҳои фарҳангиро яке аз муҳиммтарин роҳҳои беҳбуди муносибот байни миллатҳо ва давлатҳо донист ва гуфт, шахсиятҳое ҳамчун Мавлавӣ, Низомӣ, Манас ва Абай метавонанд дар ин масир ҳамроҳ ва ёвари мо бошанд.

Дар ҳошияи ин конфронс намоишгоҳи наққошӣ ба мизбонии намояндагии фарҳангии Туркия ва намоишгоҳи китоб ба мизбонии ройзании фарҳангии Эрон дар Қирғизистон низ баргузор шуд.