Тӯфони намак дар Туркманистон
Октябр 09, 2018 18:01 Asia/Dushanbe
Тӯфони намак минтақаи шимолии Туркманистон мавсум ба Дошоғузро дарнавардид.
Дар минтақаи шимолии Туркманистон мавсум ба Дошоғуз аз ҷумла дар маҳаллаи Туркманбошӣ, Рӯҳибилнет ва Экдипи, тӯфони намак ва хок рух дод.
Тӯфон ҳамчунон идома дорад ва эҳтимолан чанд рӯз тӯл мекашад.
Ин тӯфон, ки аз ибтидои имсол чанд бор рух дода, дар натиҷаи хушк шудани дарёчаи Арал аст.
Ба назари коршиносон, масоили дарёчаи Арал бар муҳити зисти Туркманистон таъсироти бисёр манфӣ дошта ва устони Дошоғузро дучори камбуди об ва нуфузи намак ба мазрааҳои ин кишвар кардааст.