Сентябр 10, 2016 11:44 Asia/Dushanbe
  • Таъйини нахуствазири ҷадиди Қазоқистон

Ниҳоди раёсати ҷумҳурии Қазоқистон аз таъйини нахуствазири ҷадид дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, Бокитҷон Сагинтаевро ба симмати нахуствазирии ин кишвар мансуб кард.

Бар асоси ин гузориш, раиси ҷумҳурии Қазоқистон рӯзи панҷшанбе бо судури ҳукме Карим Масимов, нахуствазири пешини ин кишварро ба симматт раист Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон мансуб карда буд.

Бархе коршиносони сиёсӣ вуқӯи ҳаводиси террористӣ дар чанд моҳи ахир дар Қазоқистон ва ташдиди мубориза бо терроризмро далели интихоби Масимов ба унвони раиси Кумитаи амнияти миллии ин кишвар унвон кардаанд.

 

Барчасп