Октябр 10, 2018 19:22 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти мақомоти Осиёи Марказӣ барои мубориза бо терроризм

Дар аввалин Нишасти вазирони кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳозирон дар бораи ташкили роҳбурде муштарак дар мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои созмонёфта ба баҳс ва гуфтугӯ пардохтанд.

Ба нақл аз Ирно, Нишасти вазирони дохилии чаҳор кишвари Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон аз сешанбе нуҳуми октябр ба муддати ду рӯз дар шаҳри Чалпанатаи Қирғизистон баргузор шуд.

Бар асоси ин гузориш, мақомоти чаҳори кишвари Осиёи Марказӣ дар ин нишаст дар бораи раванди иттиҳоди кишварҳои ҳамсоя барои мубориза бо ҷарёни терроризм ва тақвияти марзҳо барои ҷилавгирӣ аз вуруди террорист ва колои қочоқ ба баҳс пардохтанд.

Дар ҳошияи нишаст низ тавофуқе миёни Қирғизистон ва Узбакистон барои иқдомоти муштарак дар мубориза бо гурӯҳҳои созмонёфта ва террористӣ ва ба иштирок гузоштани таҷрубаҳои ду кишвар дар барқарории амният ва субот дар минтақа ба имзо расид.

Нигарониҳо дар мавриди рушди ифротгарӣ дар Осиёи Марказӣ аз замони ҳувайдо шудани ДИИШ дар Ироқ ва Сурия дар 2014 ба шиддат афзоиш пайдо кардааст.