Октябр 15, 2018 11:18 Asia/Dushanbe
  • Таблиғи парастиши шахсияти руасои ҷумҳури Осиёи Марказӣ

Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ мегӯяд: Нухбагон ва рӯҳониёни вобаста ба давлат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ парастиши шахсияти руасои ҷумҳури ин кишварҳоро дар афкори умумӣ таблиғ мекунанд.   

Ба нақл аз Ка-Ниюз, Рафаел Сатторов, корманди бунёди Каренги дар Маскав гуфтааст, ки парастиши шахсияти руасои ҷумҳури кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ғайр аз Қирғизистон аз сӯи ду гурӯҳи нухбагони сиёсӣ ва маҳофили мазҳабии вобаста ба давлатҳо таблиғ мешавад, зеро онҳо ҳифзи чунин шароитеро ба нафъи худ медонанд.

Вай мегӯяд: Дар Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Узбакистони даврони Ислом Каримов, аз русои ин ҷумҳуриҳо бо алқоб ва увонҳои фохир ёд мекунанд, ки тадоикунандаи низомҳои подшоҳии гузашта аст.

Сатторов бо ишора ба корбурди лақабҳое ҳамчун сарвари миллат, пешвои миллат ва бонии мамликат барои руасои ҷумҳури Осиёи Марказӣ гуфт: Нухбагони сиёсӣ ба дунболи ҳифзи симмат ва манофеи худ ҳастанд ва рӯҳониёни вобаста ба ҳукуматҳо низ чунин илқо мекунанд, ки қудрат ҳадияе илоҳӣ аст, ки бояд дар дасти ин афрод боқӣ бимонад.