Кашфу мусодираи аслиҳа дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i38775-Кашфу_мусодираи_аслиҳа_дар_марзи_Қирғизистон_ва_Тоҷикистон
Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз мусодираи силоҳу муҳиммот дар манотиқи марзии ин кишвар бо Тоҷикистон хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 16, 2018 11:58 Asia/Dushanbe
  •  Кашфу мусодираи аслиҳа дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон

Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз мусодираи силоҳу муҳиммот дар манотиқи марзии ин кишвар бо Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои имрӯз, сешанбеи дафтари матбуотии хадамоти марзбонии Қирғизистон, ин силоҳҳо ва муҳиммот дар амалиёти вижаи нерӯҳои қудратии Қирғизистон бо унвони “Марз – 2018” кашф шудааст.

Амалиёт “Марз – 2018” дар се марҳала ба таври ҳамзамон дар қаламрави чаҳор кишвари Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор шуд.

 Аз ҷумла, дар марзи муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон маҷмуан 100 адад силоҳ ва муҳиммот кашфу мусодира шудааст.

Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки тарафи Қирғизистон маҳалли кашфу забти таслиҳот тавассути нерӯҳои марзбонии Қирғизистонро қаламрави Тоҷикистон зикр кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз дар ин замина тавзеҳ надодааст.

Марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон солҳост, ки шоҳиди кашмакашҳои сокинони маҳаллӣ ва марзбонон бар сари мазореи кишоварзӣ, чарогоҳи ҳайвоноти маҳаллӣ ва манобеи обӣ аст.