Октябр 19, 2018 19:12 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии Қазоқистон аз бозгашти террористҳо ба Осиёи Марказӣ

Вазири умури хориҷаи Қазоқистон аз эҳтимоли бозгашти террористҳо ба Осиёи Марказӣ дар пайи шикасти ДИИШ дар Сурия изҳори нигаронӣ ва онро таҳдиде воқеӣ тавсиф кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ғайрат Абдурраҳмонов вазири умури хориҷаи Қазоқистон гуфт: Дар пайи шикасти гурӯҳи террористи ДИИШ дар Сурия, баҳси бозгашти террористҳо ба кишварҳои худ ва аз ҷумла ба Осиёи Марказӣ як таҳдиде воқеӣ аст ва бояд нисбат ба он ба таври ҷиддӣ таваҷҷуҳ кард.

Абдурраҳмонов афзуд: Қазоқистон мӯътақид аст, ки яке аз аслитарин шароит барои маҳори конуни бесуботӣ, оддисозии вазъияти дохилӣ дар Сурия аст.

Қаблан Замир Кобулов намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Афғонистон низ эълом карда буд, ки террористҳои ДИИШ дар ҳоли омода шудан барои эҷоди бесуботӣ дар Осиёи Марказӣ ҳастанд.

Ин мақоми сиёсии рус гуфта буд, ки ҳадаф аз интиқоли шибҳинизомёни Осиёи Марказӣ ба Афғонистон на ҷанг бо неруҳои низомии хориҷии муқими ин кишвар, балки барои эҷоди бесуботӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.