Октябр 20, 2018 18:19 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон сохти нерӯгоҳи ҳастаиро оғоз кард

Сохти нахустин нерӯгоҳи ҳастаии Узбакистон рӯзи ҷумъа дар маросими намодин бо ҳузури раисони ҷумҳурии Русия ва Узбакистон дар Тошканд оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА, сохти ин нерӯгоҳи ҳастаӣ 11, миллиард доллар ҳазина дорад ва ширкати давлатии “Росатом” иҷрои ин тарҳро бар ӯҳда дорад.

Реакторҳои нерӯигоҳи ҳастаии Узбакистон дар табақабандии насли "3+" қарор мегиранд ва ба сурати комил бо шароити Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар арсаи эминӣ ва иртиқои сатҳи фанновариҳои пешрафта мутобиқат доранд.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ки ба Тошканд сафар карда буд дар маросими оғози сохти ин нерӯгоҳ ҳузур ёфт.

Ҳамчунин намояндагони ширкати «Росатом»-и Русия ва Академияи улуми Узбакистон дар ҳузури раисони ҷумҳурии ду кишвар барои омӯзиши кадри фаннии мавриди ниёзи ин нерӯгоҳ, ёддошти тафоҳум имзо карданд.

Ин нерӯгоҳи ҳастаӣ қарор аст, соли 2028 роҳандозӣ шавад.

Путин ҳамчунин дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, ки кишвараш омодааст то нахустин тарҳи муштараки сохти корхонаи таслиҳот ва таҷҳизоти низомиро ба зуддӣ дар Узбакистон оғоз кунад.

Вай афзуд, Русия омодагӣ дорад то ҳамаи неруҳо ва имконоти лозимро барои сохти ин корхона ва тавлиди модернтарин таҷҳизот ва таслиҳоти низомӣ дар ихтиёри давлати Узбакистон қарор диҳад.

 

Барчасп