Октябр 27, 2018 19:32 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон миёнҷии давлати Афғонистон ва Толибон дар музокироти сулҳ

Намояндаи вижаи раисиҷумҳури Узбакистон гуфт, ин кишвар ба дархости давлати Афғонистон бо Толибон тамос барқарор кардааст, то заминаи музокироти ду тараф фароҳам шавад.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, ҳамзамон бо афзоиши талошҳо барои оғози раванди гуфтугӯҳои сулҳ байнидавлати Афғонистон ва Толибон, Абдулазиз Комилов аз тамоси кишвараш бо аъзои дафтари сиёсии Толибон хабар дод.

Вазири хориҷаи Узбакистон сеюми июли гузашта низ дар сафараш ба Қатар ва дидор бо аъзои дафтари сиёсии Толибон аз онҳо хост, ки бо давлати Афғонистон дар Тошканд музокира кунанд.

Ҳудуди як моҳ пас аз ин сафар, ҳайате аз гурӯҳи Толибон ба даъвати расмии давлати Узбакистон аз Тошканд дидор кард, то дар бораи раванди сулҳ бо мақомоти ин кишвар гуфтугӯ кунад.

Гурӯҳи Толибон хурӯҷи низомиёни хориҷӣ, аз ҷумла амрикоӣ аз Афғонистонро, пешшарт музокирот бо давлати Афғонистон унвон кардааст.

Ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон аз соли 2001 токунун ба баҳонаи таъмини амният ва барқарории сулҳ дар Афғонистон натанҳо ҳеҷ дастоварде барои давлат ва миллати Афғонистон надошт, балки ба эътиқоди мардуми Афғонистон, Амрико нақши басазое дар ташдиди ноамниҳо,идомаи ҷанг, куштори ғайринизомиён ва ҳимояти таслиҳотӣ ва молӣ аз гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон дошт.