Октябр 28, 2018 13:09 Asia/Dushanbe
  • Таҳкими амнияти минтақаӣ - меҳвари ройзаниҳои Қазоқистон ва Узбакистон

Мақомоти аршади шӯрои амнияти Қазоқистон ва Узбакистон дар даври нави ройзаниҳои худ ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мақомоти аршади Шӯрои амнияти Қазоқистон ва Узбакистон дар даври ҷадиди ройзаниҳои худ, вазъияти феълӣ ва чашмандози тавсиаи ҳамкориҳои минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ ва таомули миёни онҳо дар созмонҳои байналмилалиро мавриди баҳс қарор доданд.

Бинобар иттилоияи Шӯрои амнияти Қазоқистон, тайи ин ройзаниҳо Гобит Бойжонов дастёри раиси ҷумҳур ва дабири Шӯрои амнияти Қазоқистон ва Виктор Маҳмудов дабири Шӯрои амнияти Узбакистон перомуни мавзӯъҳои муҳими амнияти минтақа гуфтугӯ карданд.

Ҳамчунин дар хусуси таомули ду кишвар дар ҷиҳати муқобила бо терроризм ва и​фротгароӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва сайберӣ ҳамчунин истирдоди муҷримон ҷиҳати сипарӣ кардани асорати худ дар кишварҳои худ табодули назар сурат гирифт.

Дар ин ройзаниҳо, ду тараф натоиҷи аввалияи иҷрои мафоди «Нақшаи роҳ» дар заминаи ҳамкориҳои марбут ба масоили обро низ баррасӣ карданд.