Октябр 29, 2018 16:58 Asia/Dushanbe
  • Ӯзбакистон миёнҷии давлати Афғонистон ва Толибон дар музокироти сулҳ

Намояндаи вижаи раисҷумҳури Ӯзбакистон гуфт, Тошканд ба дархости давлати Кобул бо Толибон тамос барқарор кардааст то заминаи музокироти ду тараф фароҳам шавад.

Ҳамзамон бо афзоиши талошҳо барои оғози раванди гуфтугӯҳои сулҳ миёни давлати Афғонистон ва Толибон, Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон аз тамоси кишвараш бо аъзои дафтари сиёсии Толибон хабар дод.

Пеш аз ин, мақомҳои баландпояи Ӯзбакистон ва Афғонистон дар заминаи ҳамкориҳои амниятӣ ва мубориза бо терроризм тавофуқ карда буданд. Коршиносон бар ин боваранд, ки имзои ин тавофуқ ва ҳамкориҳои муштараки Тошканд ва Кобул ба манзури гуфтугӯ бо Толибон нишондиҳандаи дарки амиқи мақомҳои ду кишвар ба ҳамкориҳои мутақобил аст.

Коршиносони масоили минтақа таҳаррукоти мақомҳои давлати Ӯзбакистон, ба вижа дар заминаи ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва нақшофаринии ин кишвар дар умури кишварҳои минтақаро бисёр мусбат арзёбӣ кардаанд. Дар ин иртибот, Ҳусайн Особалиев, коршиноси сиёсии қирғиз гуфтааст: “Фаъолитҳои дипломатии бесобиқаи Ӯзбакистон тайи солҳои 2017-2018 дар Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна ва Ҷануби Осиё баёнгари рӯйкарди ҷадиди раҳбарии ин кишвар нисбат ба нақшофаринӣ дар арсаи байналмилалӣ аст. Ба тавре ки Ӯзбакистон дар ҳоли табдил шудан ба яке аз ширкаткунандагони фаъол дар фароянди иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ дар манотиқе назири Афғонистон аст, ки барои Тошканд аз аҳамияти болое бархурдор аст.

Ногуфта намонад, ки гурӯҳи Толибон хуруҷи низомиёни хориҷӣ, аз ҷумла амрикоӣ аз Афғонистонро пешшарти музокироти сулҳ бо давлати Афғонистон эълом кардааст. Ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон аз соли 2001-и мелодӣ оғоз шуд. Амрико ба баҳонаи таъмини амният ва барқарории сулҳ дар Афғонистон ин кишварро ишғол кардааст. Бо вуҷуди ин, ҳузури низомии Амрико на танҳо ҳеҷ дастоварди мусбате барои давлат ва миллати Афғонистон надошт, балки ба эътиқоди мардуми Афғонистон - Амрико нақши басазое дар эҷод ва ташдиди ноамниҳо, идома ҷанг, куштори ғайринизомиёни афғонистонӣ ва ҳимояти таслиҳотӣ ва молӣ аз гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон доштааст. Дар воқеъ, тайи наздик ба ду даҳаи гузашта, ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон боиси интиқоли терроризм, бурузи ноамниҳои густурда ва густариши кишти маводи мухаддир дар Афғонистон шудааст.

 Бо таваҷҷуҳ ба ҷуғрофиёи минтақаи Осиёи Марказӣ ва бурузи ноамниҳои густурдаи бархоста аз ҳузури давлатҳои бегонаи ғарбӣ, ба вижа Амрико дар Афғонистон, нигаронии давлатҳои ҳаммарз бо Афғонистон, аз ҷумла Ӯзбакистон амре табиӣ қаламдод мешавад. Ба ҳамин далел, талоши мақомҳои Тошканд ва Кобул ба манзури мубориза бо густариши терроризм ва ифротгароӣ дур аз интизор набудааст.

Афғонистон ва Ӯзбакистон камтар аз 150 километр марзи муштарак доранд, аммо дар айни ҳол масоили муштараке миёни ду кишвар вуҷуд дорад, ки ниёзманди ҳамкории дуҷониба ва минтақаӣ аст. Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва мубодилоти энержӣ аз ҷумлаи заминаҳои ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя аст, ки танҳо бо нобудии терроризм ва барқарории амният дар минтақа имкони ин гуна ҳамкориҳо миёни ду кишвар фароҳам хоҳад шуд.