Нишасти зиддитерроризми Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошканд
Шашумин нишасти байналмилалии сохтори минтақаии зиддитерроризми Созмони Ҳамкории Шанхай бо номи “Мубориза бо терроризм- ҳамкориҳои бидуни марз” рӯзи чаҳоршанбе, 31 октябр дар пойтахти Ӯзбакистон баргузор шуд.
Ба гузориши посгоҳи хабарии шабакаи “Ал-Олам”, дар ин нишаст ҳайатҳои ҳашт узв, чаҳор нозир, се шарики гуфтугӯ бо Созмони Ҳамкори Шанхай (СҲШ) ва 9 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла ҳафт созмони вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид ва маркази илмӣ - пажӯҳишӣ ширкат карданд.
Ширкаткунандагон дар шашумин нишасти байналмилалии сохтори минтақаии зиддитерроризми СҲШ дар бораи ситезаҷӯиҳо ва таҳдидоти амниятӣ табодули назар карданд ва бархе абъоди қонунӣ ва ҳуқуқӣ дар заминаи мубориза бо терроризм дар чорчӯби муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳамчунин таҷрибаҳои рӯз дар ҳавзаи созмондеҳии фаъолияти зиддитерроризм дар кишварҳои узв, нозир ва шарики гуфтугӯи СҲШ - ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
СҲШ як созмони байналмилалии байнидавлатӣ аст, ки 15 июни соли 2001 мелодӣ дар Шанхайи Чин бо ибтикори давлатҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон таъсис шуд.
Аз 11 июли 2015 раёсати Созмони Ҳамкории Шанхай ба Ӯзбакистон мунтақил шудааст.