Ноябр 10, 2018 14:25 Asia/Dushanbe
  • Имзои 16 санади ҳамкорӣ дар поёни нишасти сарони узви СПАД

Сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар нишасти худ дар шаҳри Остона 16 санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Раисони ҷумҳурии Русия, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва нахуствазири Арманистон, асноди ҳамкории мухталиф, аз ҷумла эҷоди нерӯҳои вижаи низомии созмон, иҷрои сиёсати иттилоотии муштарак, роҳандозии маркази ҳалли буҳронҳо, тавсеаи ҳамкории ниҳодҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро имзо карданд.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 1992 ва бо мушорикати кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон ташкил шудааст.

Кишварҳои Гурҷистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ӯзбакистон баъдҳо аз ин созмон ҷудо шуданд.

Аҳдофи ташкили ин созмон маҳдуд кардани заминаи густариши НАТО ва нуфузи Амрико дар ҳавзаи кишварҳои ҳамсоя будааст.