Ноябр 11, 2018 10:11 Asia/Dushanbe
  • Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бидуни дабири кулли монд

Сарони кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар нишасти Остона бар сари интихоби дабири кулли ин созмон ба тавофуқ нарсиданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар ин замина гуфт, дар нишасти ахири ин созмон дар бораи интихоби дабири кулл байни мақомоти аршади кишварҳои узв, ихтилофи назари рӯй дод ва дар натиҷа ин мавзӯъ ба нишасти баъдӣ, ки моҳи декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад мукул (вогузор) шуд.

Вай афзуд, тибқи оиннома, дабирони кулли ин паймон ба тартиби ҳуруфи алифбо интихоб мешаванд ва бар ин асос пас аз Арманистон навбат ба Беларус мерасад.

Раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт, албатта Ереван мехоҳад то мӯҳлате дабири  куллии ин кишвар тамдид шавад, вале соири сарони кишварҳои ин созмон бо  ин мавзӯъ мухолиф ҳастанд, зеро мӯътақиданд, ки дар яксоли боқимонда аз мӯҳлати дабири куллии Арманистон, намояндаи ин кишвар ҳатто қодир ба боздид аз тамоми кишварҳои узв нахоҳад буд.

Юрий Хачатуров, ки то пеш аз ин дабири кулли СПАД буд сеюми ноябр аз саммати худ бо дархости Арманистон барканор шуд ва вазоифи вайро муовинаш Валерий Семериков бар ӯҳда гирифт.

Давлати ҷадиди Арманистон, Хачатуровро ба ҳамроҳи раисиҷумҳурӣ ва вазири дифои пешини ин кишвар ба нақзи қонуни асосӣ муттаҳам кардааст.

СПАД шомили кишварҳои Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон ва узви нозири Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аст.