Ноябр 11, 2018 18:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Қазоқистону Русия барои тавлиди ҳавопаймои «Ил-103М»

Мудири кулли ширкати «Ил» гуфт, Қазоқистон ва Русия барномарезӣ кардаанд, дар оянда ҳавопаймои «Ил-103М»-ро тавлид кунанд.

Алексей Рогозин, мудири кулли ширкати «Ил» дар нишасти хабарӣ гуфт, Қазоқистон ва Русия барномарезӣ мекунанд, дар оянда ҳавопаймои «Ил-103М»-ро тавлид кунанд. Ӯ афзуд, Қазоқистон ва Русия дар соли 2019 ширкати муштараке дар ҳавзаи замонавӣ кардани ҳавопаймоҳои сабки “Ил-103М” таъсис мекунанд. Рогозин изҳор дошт, барномарезӣ шуда, ки ин ширкати муштарак дар соли 2019 эҷод ва нахустин ҳавопаймои он дар соли 2022 аз хати тавлид берун ояд.

Дар чорчӯби понздаҳумин Ҳамоиши байниминтақаии Русия ва Қазоқистон дар шаҳри Петропавловски Қазоқистон қарордоде дар мавриди эҷоди тарҳи байналмилалии саноатӣ бо ҳадафи тавлиди ҳавопаймоҳои “Ил-103М” ба имзо расидааст. Намояндагони ширкати “Ил” муътақиданд, ки иҷрои ин тарҳ барои бароварда сохтани ниёзи рӯзафзун ба ҳавопаймоҳои кӯчак, ҷойгузин кардани тавлидоти мушобеҳи хориҷӣ ва ҳамчунин ташвиқи тавсеаи масирҳои маҳаллии ҳамлунақлӣ дар Русия ва Қазоқистон кумак хоҳад кард.

Ҳавопаймои “Ил-103М” дар Русия ба фурӯш рафта, ҳамчунин ба Беларус, Перу, Миёнмор, Кореяи Ҷанубӣ низ содир шудааст. Ин ҳавопаймоҳо ҳамчунин барои масрафи шахсӣ ва созмонҳои тиҷорӣ низ истифода мешаванд.