Посухи мушакии гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ба ҳамалоти Исроил
Гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ дар вокуниш ба ҳамалоти ҷангандаҳои исроилӣ беш аз 400 мушак ва рокет ба самти шаҳракҳои саҳюнистнишин дар манотиқи марзии наздик ба Ғазза шиллик карданд.
Ба гузориши “Алъолам”, даргириҳои ҷадиди байни режими саҳюнистӣ ва нерӯҳои муқовимат дар навори Ғазза дар ҳоле вориди дувумин рӯзи худ мешавад, ки ба эътирофи артиши саҳюнистӣ, дар ҳудуди 12 соати гузашта беш аз 400 рокет ба самти сазминҳои ишғолӣ шиллик шудааст. Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ субҳи имрӯз эълом кард, ки сомонаҳои падофанди “Гунбади оҳанин” тавфиқи чандоне дар мутаваққиф кардани ин ҳамалот надоштаанд. Гуфта мешавад, ин сомонаҳо фақат тавонистаанд бо 100 мушаки партобшуда аз Ғазза муқобила кунанд.
Се сохтмони чандтабақа дар шаҳракҳои саҳюнистнишин бар асари бархурди мустақими рокетҳои муқовимат ба таври комил нобуд шуданд ва як автобуси ҳомили низомиёни саҳюнист низ, ки аз шаҳраки Сдерот дар ҳоли ҳаракат ба самти марзи Ғазза буд, ба василаи як мушаки зиддитанкии муқовиматӣ мунҳадим шуд.
Бар асари ҳамалоти рӯзи гузаштаи режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза беш аз 150 ҳадафи мутааллиқ ба Ҷунбиши муқовимати исломӣ, Ҳамос ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва сохтмони шабакаи “Алақсо”, воқеъ дар маркази шаҳри Ғазза дар бомбаборони саҳюнистҳо ба таври комил нобуд шуд.
Дар ин ҳамалот дастикам 12 фаластинӣ шаҳид ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.