Ноябр 15, 2018 11:57 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи Хонаи тиҷорати Эрон дар Қирғизистон

Хонаи тиҷорати Эрон дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон бо ҳузури масъулони ду кишвар ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи ИРНА, дар кушоиши Хонаи тиҷорати Эрон дар Қирғизистон, ки дар маҳалли Намоишгоҳи доимии маҳсулоти саноатӣ ва фановарии Эрон дар Бишкек баргузор шуд, илова бар масъулони ду кишвар, мудирони 30 ширкати донишбунёни эронӣ ва беш аз 100 тоҷири қирғизистонӣ ҳузур доштанд.

Дар Хонаи тиҷорати Эрон дар Қирғизистон маҳсулоти 50 ширкати донишбунён ва 30 ширкати эронии дигар дар маърази намоиши туҷҷор ва фаъолони иқтисодии қирғизӣ ва дигар кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон қарор мегирад.

Дар намоишгоҳи доимии маҳсулоти саноатӣ ва фановарии Эрон дар Бишкек низ маҳсулоте аз 9 ҳавзаи мухталиф ҳамчун кишоварзӣ ва чорводорӣ, беҳдошт ва саломат, маъдан ва мошинолоти саноатӣ, нассоҷӣ, ғизо, полимер ва плостик, сохтмон ва электроника ба намоиш гузошта мешавад.

 

Барчасп