Қазоқистон ба долони тиҷории Туркманистон-Узбакистон-Эрон-Уммон мепайвандад
(last modified Fri, 16 Nov 2018 12:53:26 GMT )
Ноябр 16, 2018 17:53 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон ба долони тиҷории Туркманистон-Узбакистон-Эрон-Уммон мепайвандад

Давлати Қазоқистон бо пайвастан ба долони Туркманистон-Узбакистон- Эрон-Уммон мавсум ба «Тавофуқи Ишқобод» мувофиқат кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, давлати Қазоқистон эълом кард, Остона пайвастан ба пружаи ҳамлу нақли байналмилалии байни Эрон, Уммон, Туркманистон ва Узбакистон мавсум ба «Тавофуқи Ишқобод»-ро ниҳоӣ карда ва Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон бояд дархости муртабитро ба давлати Туркманистон ба унвони гардонандаи ин пружа ирсол кунад.

«Тавофуқи Ишқобод» як барнома бо ҳузури Эрон, Туркманистон, Уммон ва Узбакистон бо ҳадафи эҷоди долони ҳамлу нақл барои ҷобаҷоии молу маҳсулот ва мусофир бидуни таваққуф аз Осиёи Марказӣ то Халиҷи Форс ва дарёи Уммон аст.

Илова бар ин, тарафҳои ин тавофуқ барои коҳиши муддат ва ҳазинаи ҳамлу нақли маҳсулот, тақвияти амният ва осонсозии корҳои идорӣ ва ғайра талош мекунанд.