Ноябр 27, 2018 17:49 Asia/Dushanbe
  • Нишасти байналмилалии «Рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон» дар Бишкек

Нахустин нишасти байналмилалии «Рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон» дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон бо ҳузури мақомот ва коршиносони кишварҳои минтақа оғоз ба кор кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар ин нишасти байналмилалӣ мақомоти давлатӣ, коршиносони кишварҳои минтақа, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ғайра ҳузур доранд.

Гарий Лондон, раиси дафтари созмони амрикоии USAID дар Қирғизистон дар ин ҷаласа гуфт, ин нишаст фурсати бисёр муҳиме барои табодули иттилоот дар бахши мудирияти оби рӯдхонаҳо ва дигар манобеи табиии воқеъ дар марзҳои муштарак аст.

Дар Осиёи Марказӣ беш аз 200 рӯдхонаи марзӣ вуҷуд дорад, аммо ба иллати масоили мухталифе, аз ҷумла зерсохтҳои фарсуда, набудани мудирияти муассир ва истифода аз таҷҳизоти қадимӣ боис шуда, то аз ин неъмати худодод истифодаи матлуби сурат нагирад ва ҳатто дар бархе аз манотиқ кишоварзон, шаҳрвандони оддӣ, корофаринон ва коркунони нерӯгоҳҳои барқи обӣ аз неъмати баҳрабардорӣ аз он маҳрум ҳастанд.