Декабр 02, 2018 18:07 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир

Ожонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон ва Вазорати умури дохилии Қирғизистон тавофуқномае дар заминаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир имзо карданд.

Кашкар Ҷунушалиев, вазири умури дохилии Қирғизистон, ки дар садри ҳайати олирутбае ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сафар кардааст, бо Шерхон Салимзода, раиси Ожони мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба рағми олудагии ҳарчи бештари кишварҳои Осиёи Марказӣ ба анвои маводи мухаддир бархе аз мақомҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз коҳиши масрафи маводи мухаддир дар кишварҳои худ хабар медиҳанд. Ба унвони мисол, Самад Зафар, муовини аввали раиси Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар нишасти матбуотие дар Душанбе эълом кард,"дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 7 ҳазору 102 муътод вуҷуд дорад, ки ин теъдод дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта коҳишро нишон медиҳад. Ба гуфта вай, беш 2 ҳазору 690 нафар аз муътодон дар пойтахти Тоҷикистон сукунат доранд, ки 107 нафари ононро занон ташкил медиҳанд".

Шакке нест, ки ҳамзамон ва дар канори мубориза бо густариши ҷараёни ваҳҳобият ва бозуи мусаллаҳи ин ҷараён, яъне гурӯҳи террористии ДИИШ ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мебоист дар заминаи мубориза бо маводи мухаддир низ фаъолиятҳои муштаракро дар дастури кор қарор диҳанд, бавижа ки аз нигоҳи ҷараёни ваҳҳобият ва гурӯҳи террористии ДИИШ интиқоли маводи мухаддир ба кишварҳои ғарбӣ ба навъе анҷоми умури савоб талаққӣ мешавад ва подоши ухравӣ дорад. Дар ҳақиқат, нигоҳи фирқаи ваҳҳобият мӯҷиб шудааст, ки ин ҷараёни ҳамсӯ бо анҷоми амалиёти террористӣ тавзеи маводи мухаддир дар миёни афроди ғайривобаста ба ин ҷараёнро низ дар дастури кор дорад.

Афзоиши эътиёд дар кишварҳои воқеъ дар масири транзити маводи мухаддир, бавижа ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ иҷтинобнопазир ва муъзали бузургу мушкили муштараки ин кишварҳост, бинобар ин, дар ҳақиқат, барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва маҳори эътиёд ҳамкории кишварҳои минтақа зарурӣ ва лозим аст.

Содиркунандагони маводи мухаддир ва савдогарони марг дар кишварҳои тавлидкунандаи ин маводи афюнӣ назири Афғонистон барои густариши бозорҳои масраф ба ҳар ҳила ва тарфанде мутавассил мешаванд, ба ҳамин далел аст, ки кишварҳои воқеъ дар масири транзити маводи мухаддир бояд илова бар ноҳинҷориҳои дохилӣ барои мубориза бо савдогарони марг низ барномарезиҳои муассире ба амал оваранд.

Коршиносон ҳалли мушкилоти ношӣ аз қочоқи маводи мухаддирро бидуни ҳамкориҳои давлатҳои минтақа ғайримумкин қаламдод мекунанд.

Дар маҷмуъ, бояд гуфт, ҳалли мушкилоти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бидуни ҳамкории муштараки ин кишварҳо имконпазир нест ва интизор меравад, тавофуқи Душанбе ва Бишкек муқаддимаи имзои асноди муштараки ҳамкории байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад.