Амрико ба дунболи нуфуз дар манотиқи шимолии Афғонистон аст
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i39940-Амрико_ба_дунболи_нуфуз_дар_манотиқи_шимолии_Афғонистон_аст
Амрико дар талош аст, то контролу нуфузи худро дар манотиқи бо Осиёи Марказӣ ҳамарзи Афғонистон таҳким бахшад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 04, 2018 12:09 Asia/Dushanbe
  • Амрико ба дунболи нуфуз дар манотиқи шимолии Афғонистон аст

Амрико дар талош аст, то контролу нуфузи худро дар манотиқи бо Осиёи Марказӣ ҳамарзи Афғонистон таҳким бахшад.

Ин матлабро Элис Уэллс, муовини вазири умури хориҷии Амрико ба радиои туркамании “Озодлик” гуфта ва афзудааст, ки авзои кунунӣ дар марзи Афғонистону Туркманистон итминонбахш аст, аммо мушкил дар марзи миёни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамвора вуҷуд доштааст. Муовини вазири умури хориҷии Амрико гуфтааст, ки мақомоти низомӣ ва сиёсии Вашингтон ба манзури ҳифзи нуфузу контроли худ бар марзҳои минтақа барномаҳоеро дар дохили Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ пиёда кардаанд ва ин равандро идома медиҳанд.

Дар моҳҳои ахир ахбор ва гузоришҳои фаровоне дар бораи интиқоли нерӯҳои шикастхӯрдаи ДИИШ аз Сурия ва Ироқ ба шимоли Афғонистон, наздик ба хати марзҳои муштарак мунташир шудааст. Маҳофили хабарию сиёсии Афғонистон ва Русия Амрикоро созмондиҳандаи аслии интиқоли ДИИШ ба шимоли Афғонистон медонанд.