75 тоҷикистонӣ дар зиндонҳои Қазоқистон
75 тоҷикистонӣ дар зиндонҳои Қазоқистон ба сар мебаранд.
Ба гузориши “СА нюс”, ин хабар имрӯз дар дидори Юсуф Раҳмон ва Ғайрат Ҳоҷамжаров, додситонҳои кулли ду кишвари Тоҷикистон ва Қазоқистон дар шаҳри Остона эълом шуд.
Дар ин дидор ду тараф бар зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақаӣ ва дуҷониба дар заминаи мубориза бо авомили ноамнӣ, ҷиноёти фароминтақаӣ, ифротгароӣ ва терроризм таъкид карданд.
Дар ин нишаст ҳамчунин эълом шуд, ки 8 қазоқистонӣ дар Тоҷикистон зиндониянд.
Имсол ҳамчунин 5 зиндонии қазоқистонӣ аз Тоҷикистон ба кишвари худ истирдод шудаанд.
Кишварҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон бо таҳдидҳои муштараке, аз ҷумла бозгашти шаҳрвандонашон аз ҷангҳои Ироқ ва Сурия дар қолаби ДИИШ мувоҷеҳ ҳастанд.