Интихоби Узбакистон ба унвони узви нозири ОПЕК
Декабр 09, 2018 13:02 Asia/Dushanbe
Раиси нишасти ОПЕК дар Вена аз интихоби Узбакистон ба унвони узви нозири Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) хабар дод.
Суҳайл Муҳаммадфараҷ Алмарзуъӣ вазири энержии Иморот ва раиси нишасти ОПЕК рӯзи шанбе гуфт: Илова бар Узбакистон, кишварҳои Чад ва Африқои Ҷанубӣ низ ба узвияти нозир дар ОПЕК интихоб шуданд.
ОПЕК шомили 15 кишвари Эрон, Алҷазоир, Ангола, Венесуэла, Габон, Ироқ, Қатр, Конго, Кувайт, Либия, Нигерия, Иморот, Арабистон, Эквадор ва Гвинеяи Устувоӣ аст, ки дар соли 1960 эҷод шуд.