Декабр 10, 2018 15:03 Asia/Dushanbe
  • Даромади 2 миллиард долларии муҳоҷирони кории қирғиз

Бонки миллии Қирғизистон аз вуруди беш аз 2 миллиарду 269 миллион доллар тавассути муҳоҷирони корӣ ба ин кишвар, дар 10 моҳи нахусти имсол хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси эъломи ин ниҳод, ин мизон арзи ворид шуда дар муқоиса бо соли гузашта, 160 миллион доллар бештар шудааст.

Дар баёнияи Бонки милли Қирғизистон омадааст, беш аз 90 дарсад аз ин даромад аз Русия ва бақия аз кишварҳои дигар ба Қирғизистон мунтақил шудааст.

Қирғизистон яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки ба даромади ҳосил аз иштиғоли муҳоҷирони корӣ дар хориҷ аз ин кишвар бештарин ниёзро дарад.

Дар солҳои ахир, шумори коргарони қирғизистонии муҳоҷир дар Русия ба мизони қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфтааст.

Дар ҳоле, ки бар асоси гузориши Идораи муҳоҷирати Русия, дар соли 2012 танҳо ҳудуди 79 ҳазор коргари қирғиз дар Русия ҳузур доштанд, дар соли 2017 ин рақам ба 376 ҳазор нафар расидааст.