Декабр 12, 2018 10:43 Asia/Dushanbe
  • Худдории як мусофирхона дар Маскав аз пазириши коргарони муҳоҷир

Мусофирхонаи мавсум ба “Hostel22” дар пойтахти Русия дар сомонаи расмии худ эълом кардааст, ки наметавонад коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ва узбакистониро бипазирад.

Ба гузориши сомонаи русии “Радус”, мудири ин мусофирхона ҳангоми ҳузури гузоришгари ин сомона барои таҳқиқ дар бораи ин мавзуъ гуфтааст, ки ба дастури мақомоти полиси маҳаллӣ наметавонад коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ва узбакистониро ускон диҳад ва дар теъдоди зиёде аз меҳмонхонаҳои шаҳри Маскав низ ин маҳдудият вуҷуд дорад.

Дар пайи таъйиди ин дастур Неъматҷон Муҳаммадҷонов, раиси Созмони ҳифзи фарҳанги миллии узбакҳо дар Русия гуфтааст, ки ин иқдом нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Узбакистон ва Тоҷикистон ва нодида гирифтани қонуни асосии Русия аст ва вай қасд дорад алайҳи дастандаркорони ин маҳдудият ба Додситонии кулли Русия шикоят кунад.

Ринат Каримов, раиси Иттиҳодияи синфии коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия низ ин иқдомро тавҳин ба атбои Тоҷикистон ва Узбакистон ва намунаи ошкори сиёсати муҳоҷирситезӣ тавсиф кард.

Вай гуфт, коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ва узбакистонӣ барои рушди иқтисоди Русия заҳамоти фаровоне мекашанд ва чунин бархурди табъизомезе бо онон бояд ба шиддат маҳкум шавад.

Ринат Каримов ин тафаккурро натиҷаи сиёсати муҳоҷирситезӣ ва овозапарокании манфии матбуоти Русия дар қиболи коргарони муҳоҷири хориҷӣ донист ва афзуд, маҳофил ва гурӯҳҳои муҳоҷирситез чунин овозае мекунанд, ки коргарони муҳоҷири хориҷие, ки дар хонаҳои сокинони Русия иқомати худро сабт кардаанд, бо ҳамдастии мақомоти полис ва дафтари сабти аснод ва пардохти ришва ба тадриҷ ин хонаҳоро ба моликияти хеш дар меоваранд.

Вай яке аз далелҳои афзоиши рӯҳияи муҳоҷирситезӣ дар Русияро дуруст иҷро нашудани қонунҳои ҳуқуқии кору иқомати коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ин кишвар медонад.