Декабр 17, 2018 18:16 Asia/Dushanbe
  • Ҷазби 300 миллиард доллар сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди Қазоқистон

Раисҷумҳури Қазоқистон аз ҷазби 300 миллиард доллар сармоягузории мустақими хориҷӣ ба кишвараш дар солҳои пас аз истиқлол хабар дод ва гуфт: Дар рутбабандии ахири Бонки ҷаҳонӣ, Қазоқистон аз назари осонӣ дар сармоягузорӣ дар миёни 30 кишвари бартари дунё қарор гирифт.  

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон дар ҷашни бисту ҳафтумин солгарди истиқлоли ин кишвар афзуд: Дар ин муддат Остона бо содироти фаъоли маҳсулоти худ ба бозорҳои 110 кишвари ҷаҳон зарфияти содиротии иқтисоди худро ба таври чашмгире иртиқо додааст.  

Назарбоев тасреҳ кард: Дар даврони истиқлол дар саросари Қазоқистон беш аз 12 ҳазору 500 километр ҷодда ва беш аз 2 ҳазору 500 километр роҳи оҳан сохта шуда ва ба баҳрабардорӣ расидааст.  

Вай шаҳри Остонаро дурахшонтарин намоди истиқлол, меваи заҳамот ва ваҳдати мардуми Қазоқистон тавсиф кард ва гуфт: Пойтахти Қазоқистон имрӯз ба ҷозибаи Авруосиё, маркази идеаҳои навоварона ва тарҳҳои ҷадид табдил шудааст.