Декабр 20, 2018 17:14 Asia/Dushanbe
  •  Узбакистон раиси ҷадиди СҲШ

Бо поёни давраи раёсати се солаи намояндаи Тоҷикистон бар Созмони Ҳамкории Шанхай(СҲШ), раёсати ин созмон ба Узбакистон вогузар шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ихтиёроти Рашид Олимов дар самти дабирии кулли СҲШ дар таърихи 31 декабри 2018 ба поён мерасад ва аз аввали январи соли 2019 милодӣ, раёсати ин созмон бар ӯҳда Владимир Норов, намояндаи Узбакистон қарор мегирад.

Ли Янг, муовини вазорати умури хориҷаи Чин дар маросими поёни давраи раёсати 3 солаи Рашид Олимов, намояндаи Тоҷикистон бар СҲШ дар Пекин гуфт, тайи ин муддат Дабирхонаи СҲШ муваффақ амал карда ва тамоми тавофуқоти кишварҳои узвро иҷроӣ кардааст.

Дар ин маросим сафирон ва намояндагони кишварҳои узви Шанхай, Иттиҳоди Аврупо, СММ ва намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар Пекин, ширкат карданд.

Созмони Ҳамкории Шанхай як созмони байналмилалии байнидавлатӣ аст, ки дар таърихи 15 июни соли 2001 милодӣ дар Шанхайи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шудааст.