Иҷрои тарҳи “визаи абрешим” дар Осиёи Марказӣ
Узбакистон ва Қазоқистон аз ибтидои соли 2019 –и мелодӣ аз тарҳи визаи муштараки абрешими Осиёи Марказӣ (Silk visa) истифода хоҳанд кард.
Улуғбек Қосимхоҷаев, муовини Кумитаи давлатии гардишгарии Ӯзбакистон бо ишора ба ин ки аз моҳи феврали соли оянда иҷрои тарҳи визаи муштараки Осиёи Марказӣ оғоз мешавад, изҳор дошт, ин виза бо ҳадафи иқдоми муштарак барои ҷалби ҳар чӣ бештари гардишгари хориҷӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва ба таври куллӣ муаррифии ҳар чӣ бештари ин минтақа ба кор гирифта мешавад.
Тарҳи визаи муштараки Осиёи Марказӣ, ки бо унвони “визаи абрешим” хонда мешавад, мушобеҳи визаи “Шенген” аст, ки дар Иттиҳоди Аврупо ва миёни аъзои ин иттиҳодия роиҷ аст. Минтақаи Шенген 26 кишвари аврупоиро шомил мешавад. Ин кишварҳо тавофуқ кардаанд, шаҳрвандонашон озодона ва монанди як кишвари воҳид дар саросари ин иттиҳодия бидуни виза мусофират кунанд.
Талоши давлатҳои Осиёи Марказӣ ба манзури ба кор бурдани тарҳи визаи муштарак дар ҳоле аст, ки ҷумҳуриҳои ин ҳавза ба далели набуди манобеи даромади муносиб, худро ба даромадҳое назири судури виза барои атбои дигар кишварҳо ниёзманд нишон додаанд. Дар воқеъ, дарёфти виза яке аз манобеи даромади ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа Тоҷикистон ва Қирғизистон аст.
Тарҳи визаи муштарак дар миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар тобистони соли ҷории мелодӣ ва дар ҷараёни нишасти Шӯрои гардишгарии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тавассути Қазоқистон матраҳ шудааст. Миноара Мозамидова, раиси Кумитаи гардишгарии Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон пас аз баргузории нишасти Шӯрои гардишгарии кишварҳои ИДМ дар Душанбе, дар гуфтугӯ бо расонаҳои Тоҷикистон гуфта буд, ойини тарҳ тавассути худи вай пешниҳод шудааст ва бар асоси он як гардишгари байналмилалӣ баъд аз дарёфти раводид қонунан метавонад озодона ба ҳар як аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар ҳавзаи “Роҳи Абрешим” қарор мегиранд, сафар кунад.
Ин мақоми давлати Остона ҳамчунин изҳор дошт, дар марҳалаи нахуст муқаррар шудааст, ки ин тарҳ миёни Узбакистон ва Қазоқистон оғоз ва баъд ба дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва соири кишварҳои осиёӣ ва ҳатто шарқи Аврупо густариш ёбад.
Бо вуҷуди ин талошҳо, воқеият он аст, ки ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз пештар дар чорчӯби Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ беш аз ҳафт даҳа тараддуд дар ҷумҳуриҳои Шӯравиро таҷриба кардаанд. Бо вуҷуди наздик ба се даҳа аз истиқлол, ин ҷумҳуриҳо ҳамчунон ба истифода аз низоми собиқ тамоюл доранд. Ба вижа, ки роҳҳо ва хутути оҳани Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ба гунае тарроҳӣ ва иҷро шудааст, ки пас аз убур аз марзи чандин кишвар ба мақсад мерасад. Ба унвони мисол, агар фарде қасд дошта бошад аз тариқи роҳи оҳани Қазоқистон ба Узбакистон дар ҳамсоягии худ сафар кунад, маҷбур аст аз Қирғизистон ва Тоҷикистон убур кунад.
Пас аз истиқлоли ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ин масири тараддуд барои атбои Осиёи Марказӣ ба мушкили ҷиддӣ табдил шудааст. Дар воқеъ, дар сурати баҳрабардорӣ аз визаи абрешим, атбои Осиёи Марказӣ дигар дағдағаи тараддуд дар соири ҷумҳуриҳои ИДМ - ро нахоҳанд дошт ва монанди даврони Шӯравӣ рафтуомад осонтар хоҳад шуд.