Декабр 27, 2018 19:18 Asia/Dushanbe
  • Таъйин ва барканории мақомати давлатӣ дар Қазоқистон

Раисиҷумҳури Қазоқистон бархе мақомоти олирутбаи ин кишварро аз кор барканор ва афроди ҷадидеро ҷойгузин кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Нурсултон Назарбоев бо барканори Ғайрат Абдурраҳмонов, вазири умури хориҷаи ин кишвар, дар ҳукме Бейбут Атамкулов, вазири дифоъ ва ҳаво-фазои Қазоқистонро ҷонишини вай кард.

Ҳамчунин Аскар Ҷумъақулиев, муовини нахуствазири Қазоқистон ба унвони вазири дифои ҷадиди ин кишвар муаррифӣ шуд.

Раисиҷумҳури Қазоқистон илова бар ин, бо судури ҳукме номи Вазорати сармоягузорӣ ва тавсеаро ба Вазорати санъат ва тавсеаи зерсохтҳо тағйир дод.

Бо ин ҳукм бархе ихтиёроти Вазорати иқтисоди миллӣ ва вазорати умури хориҷа аз ҷумла қобилияти тағйири сиёсати давлатӣ дар бахши ҷазби сармоя ба Вазорати санъат ва тавсеаи зерсохтҳо вогузар шуд.