Наздик ба ним миллион тоҷик тайи 11 моҳ вориди Қазоқистон шудаанд
Намояндаи Маҷлиси сенати Қазоқистон эълом кард, ки тайи 11 моҳи соли ҷорӣ 492 ҳазору 287 нафар шаҳрванди Тоҷикистон вориди ин кишвар шуда ва 489 ҳазору 865 нафар низ хориҷ шудаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории давлатии Қазоқистон, сенатор Владимир Волков ҳангоми баррасии иҷрои қонуни ҳузури 30 рӯзаи бидуни сабти номи тоҷикон дар қаламрави Қазоқистон ва қазоқҳо дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ин созишнома барои ҳар ду кишвар аз аҳамияти зиёде бархурдор мебошад.
Ба гуфтаи вай, тайи 11 моҳи соли ҷорӣ 56 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қазоқистон сабти ном кардаанд.
10 ҳазор нафар аз ин афрод ҳадафи худро пайдо кардани ҷойи кор дар Қазоқистон ва ба вижа шаҳри Остона, пойтахт, Алмаато ва манотиқи атрофи он унвон кардаанд.
3 ҳазору 777 нафар тоҷик тайи ин муддат ба далели ин ки натавонистаанд сабти ном кунанд, ҷарима шудаанд.
Ҳамчунин 651 шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми нақзи қонуни иқомат дар Қазоқистон аз ин кишвар ихроҷ шудаанд.
Бар асоси қонуни ҷадиди муқаррарот, атбои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар кишварҳои якдигар метавонанд дар поёни муддати 30 рӯзи ҳузури худ, бо муроҷиа ба идороти полиси кишварҳои якдигар, бо сабти номи расмӣ - 90 рӯз иқомат дошта бошанд.
Коршиносон мегӯянд, теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия фаъолият мекунанд, дар поёни ҳар 3 моҳ муваззаф ба хуруҷ аз ин кишвар ва вуруди дубора мебошанд, ки ба далели ҳаммарз будани Қазоқистон барои ин амр ин кишварро интихоб мекунанд.
- Бештар бихонед:
- Пешниҳоди раисиҷумҳури Қазоқистон: Ташкили Созмони амният ва ҳамкории Осиё
-
Роҳандозии парвози мустақим миёни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон
-
Эҳтимоли маҳрум шудани Тоҷикистон аз воридоти гандуми Қазоқистон