Декабр 31, 2018 19:29 Asia/Dushanbe
  • Шодбоши Соли навии сарони Осиёи Марказӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев Соли навро ба якдигар табрик гуфтанд.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат дар фазои дӯстона табодули табрикоти самимии солинавӣ ва таманниёти неки бурдборӣ, сулҳ ва шукуфоӣ барои мардумони тоҷику узбак намуданд.

Сарони давлатҳо суръати баланди рушди муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон дар соли сипаришаванда, инчунин зуҳуроти мусбат дар соҳаи шарикии минтақавӣ, ки мутобиқ ба манфиатҳои бунёдии халқҳои тамоми Осиёи Марказӣ мундариҷаи нави  амалиро фаро мегирад, бо қаноатмандӣ зикр намуданд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Соли навро ба якдигар шодбош гуфтанд.

Зимни суҳбат, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, сарони ду давлат ба муносибати фарорасии Соли нав табодули табрикоти самимӣ намуданд.

Президентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карда, аз ҷараёни рушди муносибатҳои ҳарду давлат дар самти шарикии стратегӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Президенти Тоҷикистон инчунин бо президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков Соли навро ба ҳамдигар табрик гуфтанд.

Сарони давлатҳо ҳамдигарро ба муносибати фарорасии Соли нав табрику таҳният гуфта, ба унвони мардуми ду кишвар табодули таманниёти нек намуданд.

Таъкид гардид, ки дар соли сипаришуда ҳамгироии дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои мухталиф дар маҷрои мусбат рушд кард.

Дар ин замина аҳамияти татбиқи мунтазами тавофуқҳое, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон моҳи феврали соли равон, инчунин дар дигар вохӯриҳои кории роҳбарони ду давлат ба миён омадаанд, зикр гардид.