Январ 03, 2019 20:10 Asia/Dushanbe
  • Лағви омӯзиш аз роҳи дур дар Қазоқистон

Омӯзиш аз роҳи дур дар донишгоҳҳои Қазоқистон аз январи 2019 лағв шуд. Ба гузориши хабаргузории Форс, Асхат Аймагамбетов, муовини вазорати омӯзиши Қазоқистон рӯзи панҷшанбе бо ишора ба зарурати иҷрои системаи нимавақт дар донишгоҳҳои ин кишвар гуфт, ин систем ба ҷои омӯзиш дар фазои маҷозӣ, иҷро хоҳад шуд.

Ҳадафи Вазорати омӯзиш ва парвариши Қазоқистон аз ҳазфи омӯзиш маҷозӣ дар донишгоҳҳои ин кишвар, беҳбуди кайфияти омӯзиш эълом шудааст.

Биноба гуфтаи коршиносони ҳавзаи омӯзиш ва парвариш, донишҷӯёни бахши маҷозии донишгоҳҳо танҳо 65 дарсад аз кулли дарсҳоро меомӯзанд.

 

Барчасп