Афзоиши давраи раёсати ҷумҳурӣ дар қонуни асосии ҷадиди Туркманистон
Сентябр 14, 2016 13:12 Asia/Dushanbe
Муддати даврони раёсати ҷумҳурии Туркманистон аз панҷ сол ба ҳафт сол афзоиш ёфт.
Ба гузориши хабаргузории Донишҷуёни Эрон, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон пас аз имзои мавориди ислоҳшуда дар қонуни асосии ин кишвар гуфт, аз ин пас давраи ҷадиде дар арсаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таҳаввулоти бунёдӣ дар кишвар ба вуҷуд хоҳад омад.
Вай афзуд, қонуни асосии ҷадиди Туркманистон барои рӯёрӯӣ ва посух додан ба ниёзҳои давлат ва мардум ва бар асоси меъёрҳои шинохташудаи байналмилалӣ таҳия шудааст.
Бар асоси қонуни асосии ҷадиди Туркманистон муддати давраи раёсати ҷумҳурӣ афзоиш ёфт ва маҳдудияти 70 сол син низ барои раёсати ҷумҳурӣ бардошта шуд.
Барчасп