Январ 08, 2019 11:35 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи намозхона дар ҳама фурудгоҳҳо ва сароистгоҳҳои мусофирбарии Узбакистон

Дар тамоми фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва поёнаҳои мусофирбарии Узбакистон намозхона ифтитоҳ мешавад.

Ба гузориши манобеи расмии Узбакистон, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ин кишвар дар фармоне дастур дод, то аввали моҳи июни имсол дар ҳама фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва саристгоҳҳои мусофирбарии Узбакистон намозхонаҳо ифтитоҳ шавад. Бад-ин тартиб мудирияти тамоми фурудгоҳҳои байналамилалӣ ва сароистгоҳ (поёна)-ҳои мусофиратии Узбакистон муваззаф ҳастанд, маконҳои ҷудогона барои намози мусофирон ва низ таҳоратхона фароҳам кунанд. Дар ҳоли ҳозир намозхонаи доимӣ барои мусалмонон дар Фурудгоҳи байналамилалии Ислом Каримов дар шаҳри Тошканд, пойтахти ин кишвар вуҷуд дорад, ки аз ноябри соли 2017 фаъолияти худро оғоз кардааст.

Дар ҳоле ки 95 дарсади ҷамъияти Узбакистон мусалмон аст, ҳукуматдорони ин кишвар дар замони раёсатҷумҳурии 25-солаи Ислом Каримов шадидтарин маҳдудиятҳоро барои мусалмонон ҷорӣ карда буданд. Бо даргузашти Каримов ва рӯйи кор омадани Мирзиёев ин вазъият ба куллӣ тағйир кардааст. Дар ҳоли ҳозир беш аз ду ҳазору 200 созмони динии пайравони 16 дину фирқа дар Узбакистон фаъол ҳастанд.