Январ 09, 2019 12:58 Asia/Dushanbe
  • Лағви раводиди 30 - рӯзаи Узбакистон барои беш аз 40 кишвари ҷаҳон

Узбакистон дар чорчӯби сиёсатҳои тавсеаи санъати гардишгарӣ, номи 45 кишварро ба феҳристи лағви раводиди 30 рӯзаи худ афзуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Тасним, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ҳукмеро дар хусуси иқдомоти такмилӣ барои тавсеаи санъати гардишгарӣ дар ин ҷумҳурӣ ба имзо расондааст.

Бар асоси ин ҳукм, аз якуми моҳи феврали соли 2019 лағви раводиди 30 рӯза барои шаҳрвандони 45 кишвар эъмол хоҳад шуд.

Пеш аз ин танҳо шаҳрвандони 9 кишвар барои сафар ба Узбакистон ниёз ба раводид надоштанд.