Январ 10, 2019 14:05 Asia/Dushanbe
  • Эъломи мавҷудияти ҳизби ҷадиди сиёсӣ дар Парлумони Узбакистон

Ҳизби экологии Узбакистон бо касби 15 курсӣ дар парлумони ин кишвар эъломи мавҷудият кард.

Пас аз тавсияҳои раисҷумҳури Узбакистон дар декабри 2017 саранҷом ҳизби экологии Узбакистон тавонист бо касби 15 курсӣ дар парлумони ин кишвар зоҳир шавад.

Шавкат Мирзиёев дар 22 декабри 2017, ҳузури фаъоли ҷунбиши экологии Узбакистонро дар парлумони ин кишвар хостор шуда буд.

Ҳизби ҷадиди экологии Узбакистон бо аҳдофи зистмуҳитӣ дар 2008 ба унвони як ҳизби сиёсӣ таъсис шудааст.

Раёсати ин ҳизб дар ҳоли ҳозир бар уҳдаи Бурӣ Алихонов аст.

Токунун танҳо чаҳор ҳизби сиёсии халқи демократ, сотсиал демократи адолат, эҳёи миллӣ ва либерал демократики Узбакистон дар ин кишвар ҳузури фаъол доштанд.