Тарҷумаи Қуръони Карим ба забони русӣ дар Қазоқистон
(last modified Fri, 11 Jan 2019 15:14:38 GMT )
Январ 11, 2019 20:14 Asia/Dushanbe
  • Тарҷумаи Қуръони Карим ба забони русӣ дар Қазоқистон

Қуръони Карим ба забони русӣ дар ҷумҳурии Қазоқистон тарҷума шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, Серик Рисжанов шаҳрванди Қазоқистон, ки Қуръони Каримро ба забони русӣ тарҷума кардааст, гуфт, барои тарҷумаи Қуръон ба забони русӣ, адабиёти араб ва улуми қуръониро омӯхт.

Серик Рисжанов афзуд, ҳадафаш аз ин кор, тарҷумаи ҷавҳараи комили каломи Қуръон буд.

Ин шаҳрванди Қазоқистон гуфт, Қуръони Карим пештар дар кишварҳои русзабон бо ҳиммати пажӯҳишгарони русӣ тарҷума шуда буд, аммо ин нахустин бор аст, ки як шаҳрванди қазоқ Қуръонро тарҷума кардааст.