Январ 19, 2019 17:39 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон визаи сармоягузорӣ медиҳад

Узбакистон аз аввали март ба сармоягузорони хориҷӣ ва аъзои хонаводаҳои онон «визаи сармоягузорӣ» медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси фармони Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ин раводид(виза) бо эътибори 3 сола ва имкони тамдид, бидуни ниёз ба хурӯҷ аз ин кишвар дода мешавад.

Бар ин асос шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ бо сармоягузории 3 миллион долларӣ, виза ва муҷаввизи иқомат дар Узбакистонро ба муддати 10 сол дарёфт мекунанд ва дар муддати иқомат дар ин кишвар ҳамчун шаҳрвандони Узбакистон аз хадамоти пизишкӣ ва омӯзишӣ бархӯрдор ҳастанд.

Дар оғози моҳи январи имсол низ раисиҷумҳури Узбакистон фармонеро имзо кард, ки тибқи он шаҳрвандони 109 кишвари ҷаҳон дар сурати хариди амволи ғайриманқул метавонанд ба таври доим дар ин кишвар зиндагӣ кунанд.