Қазоқҳои ДИИШ ба ватан бозмегарданд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i41151-Қазоқҳои_ДИИШ_ба_ватан_бозмегарданд
Қазоқҳои узви ДИИШ, Сурияро ба мақсади кишварашон тарк мекунанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Январ 22, 2019 20:20 Asia/Dushanbe
  • Қазоқҳои ДИИШ ба ватан бозмегарданд

Қазоқҳои узви ДИИШ, Сурияро ба мақсади кишварашон тарк мекунанд.

Казтаг, хабаргузории давлатии Қазоқистон эълом кард, ки давлати ин кишвар қасд дорад, то он даста аз атбои Қазоқистонро, ки дар ҷанги Сурия ба ДИИШ ва гурӯҳҳои террористӣ пайваста будандро бо тадобире ба кишвар бозгардонад.

Айбек Самадёров, намояндаи расмии Вазорати хориҷаи Қазоқистон дар ин иртибот гуфт, ки талошҳои башардӯстона ва ниҳодҳои қонунии Қазоқистон муҷиб шуд, ки давлати ин кишвар битавонад шашуми январ 47 шаҳрванд аз ҷумла 30 кӯдаки қазоқистониро аз Сурия хориҷ кунад.

Вай афзуд: Ин даста аз атбои Қазоқистон, ки теъдоди онҳо ба чанд сад тан мерасад, пештар дар доми фиреби террористҳо ва ба таври умда диишиҳо гирифтор ва ё аз сӯи онҳо ба гаравгон гирифта шуда буданд.  

Ба гуфтаи Самадёров, бисёре аз онҳо тасмим гирифтаанд, довталабона ба меҳани худ бозгарданд ва ҳатто бархе аз онҳо эъломи омодагӣ кардаанд, то дар дастгоҳи қазоии Қазоқистон муҳокима шаванд, аммо Сурияро тарк кунанд.