Сентябр 15, 2016 09:59 Asia/Dushanbe
  • Туркманистон сохти роҳи оҳан бо Афғонистон ва Тоҷикистонро суръат бахшид

Раисиҷумҳурии Туркманистон аз тасреъи раванди сохти роҳи оҳан, миёни ин кишвар бо Афғонистон ва Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Туркманистон, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар нишасти Шӯрои ришсафедони ин кишвар аз суръат бахшидан ба сохти роҳи оҳани минтақаӣ, миёни ин кишвар бо Афғонистон ва Тоҷикистон хабардод, ки бояд бидуни қаламрави Узбакистон  иртиботи рейлӣ байни Ашқобод ва Душанберо таъмин намояд.

Ин дар ҳоле аст, ки авохири моҳи августи гузашта, давлати Туркманистон аз поёни сохти бахши ин роҳи оҳан аз қаламрави ин кишвар, то марзи Афғонистон ба тули 85 километр гузориш дода буд. Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки ширкатҳои туркманистонӣ ба наздикӣ сохти роҳи оҳани миёни ин кишвар бо Афғонистонро ба тӯли 38 километр, то марзи минтақаи Андхуй дар дохили қаламрави Афғонистон оғоз хоҳанд кард.

Мақомоти туркманистонӣ дар ҳоле аз сураът бахшидан ба сохти ин роҳи оҳан хабар медиҳанд, ки Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон аз ҳал нашудани ихтилофи Душанбе- Кобул ва Ашқобод бар сари роҳи оҳани ҷадиди минтақаӣ, дар қаламрави Афғонистон ибрози нигаронӣ кардааст. Ба ин далел, ки мақомоти Душанбе муътақиданд, нуқтаи иттисоли роҳи оҳан Туркманистон – Афғонистон ба ин кишвар бояд ноҳияи марзии Шаҳритус бошад, ки масири он ҳамагӣ дар қаламрави Афғонистон 160 километр хоҳад буд, ки ниёз ба ҳазинаи камтар дорад.

Аммо давлати Туркманистон бар таъини Бандари Шерхон дар устони Қундӯзи Афғонистон ва вилояти Хатлон дар Тоҷикистон ба унвони нуқтаи иттисоли роҳи оҳан дар марзи ин ду кишвар пофишорӣ мекунад, ки тули ин роҳ аз қаламрави Афғонистон ба 400 километр хоҳад расид.

Бонки Рушди Осиё, ки қаблан барои таъмини ҳазинаи сохти ин роҳи оҳан дар дохили Афғонистон ва Тоҷикистон эъломи омодагӣ карда буд, ба далели ихтилофи назари Душанбе ва Ашқобод, ба таври муваққат ҳамкории худро ба таълиқ даровардааст.

Тарҳи сохти ин роҳи оҳани минтақаӣ дар дидори раисони ҷумҳурии Афғонистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар моҳи марти соли 2013 дар Ашқобод имзо шудааст.