Тарҷумаи хутбаҳои намози ҷумъа ба забони ишора барои ношунавоён дар Узбакистон
Идораи мусулмонони Узбакистон эълом кард, дар масоҷиди ҷомеи ин кишвар барои афроди ношунаво матни хутбаҳои намози ҷумъа аз тариқи мутарҷими забони ишора ба таври зинда пахш хоҳад шуд.
Ба гузориши Форс, бар асоси эъломи Идораи мусулмонони Узбакистон, шароити мавриди ниёз барои ин кор дар масоҷид эҷод шудааст. Ҳамчунин дар хориҷ аз ин масоҷид алоими байналмилалии нишондиҳандаи инки барои афроди ношунаво утоқҳои махсус вуҷуд дорад, насб шудааст.
Аз ин ба баъд афроди ношунаво дар амокини махсус аз тариқи маниторҳо на танҳо имоми хатибро мебинанд, балки ҳарфҳои ӯро низ мутаваҷҷеҳ мешаванд.
Барномарезӣ шудааст, аз аввали феврал дар 25 масҷиди ҷомеи ин кишвар хутбаи намоз ба забони ишора тарҷума шавад.
Ин тарҳ ба таври мустамар дар ҳар устони Узбакистон иҷро хоҳад шуд.
Ҳамакнун дар Узбакистон, 2 ҳазору 238 созмони динии мутааллиқ ба пайравони 16 дини мухталиф ба сабт расида, ки 2 ҳазору 64 ниҳоди динӣ, ки муодили 94 дарсади ин созмонҳо мебошад, мутааллиқ ба мусулмонон ҳастанд.