Ҳизбуллоҳи Лубнон хостори муқобила бо тавтеъаи ишғолгарон зидди Масҷидулақсо шуд
(last modified Wed, 16 Apr 2025 06:52:55 GMT )
Апрел 16, 2025 11:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳи Лубнон хостори муқобила бо тавтеъаи ишғолгарон зидди Масҷидулақсо шуд

Порс Тудей - Ҳизбуллоҳи Лубнон бо маҳкӯм кардани таҷовузоти мукаррари саҳюнистҳо ба Масҷидулақсо ва беҳурматии амокини муқаддаси исломии Фаластин, дар бораи тавтеъаи ишғолгарон барои яҳудисозии ин маконҳо ҳушдор дода ва аз уммати арабӣ - исломӣ хост масъулияти худро барои муқобила бо ин таҷовузот бар ӯҳда бигирад.

Дар идомаи вокунишҳо ба юришҳои мукаррару густардаи саҳюнистҳо ба Масҷидулақсо ва беҳурматии ин макони муқаддаси исломӣ, Ҳизбуллоҳи Лубнон шаби гузашта бо судӯри баёнияе эълом кард, ки ҷинояти садҳо шаҳракнишини саҳюнист дар беҳурматии Масҷидулақсо барои сеюмин рӯзи мутаволӣ бо ҳуҷум ба саҳни ин макони муқаддас, анҷоми маросими таҳрикомез талмудӣ ва соири рафторҳои таҳрикомез алайҳи фаластиниёни таҳти ҳимояти низомиёни ишғолгару раҳбарони ифротии ин режимро маҳкӯм мекунем. Хабаргузории Тасним