Нишасти нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё дар Қазоқистон
Нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё дар нишасте дар Алмаатои Қазоқистон роҳкорҳои электронӣ шудани кишварашонро барои мувоҷеҳа бо падидаи ҷаҳонӣ шудан баррасӣ карданд.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, дар ин нишаст 14 мавзуъ дар хусуси системаҳои электронӣ шудани идорӣ ва роҳҳои дастрасии беҳтар дар мубодилот баррасӣ шуд.
Баррасии системаи воҳиди гумрук, нақши тавлид ва доро будани кайфияти маҳсулот ҷиҳати содирот байни кишварҳои узви иттиҳодия ва электронӣ шудани низоми идорӣ бархе аз мавзӯоте матраҳ шуда буд, ки дар поён барои иҷро шудан ба имзои аъзо расид.
Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё дар соли 2014 бо ҳамкории Русия, Қазоқистон ва Беларус ва бо ҳазфи қонунҳо ва ташрифоти гумрукӣ шакл гирифт.
Дар идома, кишварҳои Қирғизистон ва Арманистон низ ба узвияти ин гурӯҳ даромада ва шумори дигаре аз кишварҳо дар қолаби ҳамкор, ҷазби он шуданд.
Гуфтанӣ аст, Ҷумҳурии Исломии Эрон соли 2018 мувофиқатномаи ҳамкорӣ бо ин иттиҳодияро тасвиб кард.