Феврал 04, 2019 15:21 Asia/Dushanbe
  • Мақоми бистуми қаторҳои Узбакистон дар байни сареътарин қаторҳои ҷаҳон

Бар асоси радабандии “Global high-speed train ranking” қаторҳои Узбакистон дар байни сареътарин қаторҳои ҷаҳон бо суръати 255 километр дар соат дар ҷойгоҳи бистум қарор гирифтаанд.

Бар асоси ин радабандӣ, Узбакистон дар мақоми 17 қарор дорад ва аз Амрико, Норвегия ва Финляндия пеш гирифтааст. Бар асоси омори ироашуда, қаторҳои Узбакистон метавонанд то 255 километр дар соат ҳаракат кунанд.

Сареътарин қаторҳо дар Ҷопон аст ва Кореяи Шимолӣ ва пас аз он Чин дар мақоми севум қарор дорад. Қаторҳои Русия дар мақоми 15 дунё қарор гирифтаанд.