Феврал 07, 2019 10:47 Asia/Dushanbe
  • Баргузории саршумории умумии аҳолӣ дар Узбакистон дар соли 2022

Бар асоси фармони Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон дар соли 2022 дар ин кишвар саршумории умумии аҳолӣ баргузор мешавад.

Ба гузориши Форс, дар фармони раисҷумҳур омадааст, таи солҳои истиқлол дар Узбакистон саршумории умумии аҳолӣ баргузор нашуда, бадин далел имрӯз зарурати баргузории ин иқдом эҳсос мешавад.

Дар идома омадааст: Тағйироти эҷодшуда, ки ба теъдоди ҷамъият, сохтори ҷинсӣ ва синнӣ, вижагиҳои иқомат дар қаламрави ҷумҳурӣ ва дигар мушаххасоти иҷтимоӣ ва ҷамъиятшиносӣ таъсири асосӣ дорад, ба кор бурдани омори мавҷуди муҳосибаи ҷории аҳолиро ба таври қобили мулоҳизае маҳдуд мекунад.

Иттилооти мавриди итминон дар мавриди ҷамъияти Узбакистон ва рифоҳи он пояи муҳиме дар танзими пешбиниҳо ва барномаҳои ҳадафманди давлатии тавсеаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, барномаи эҷоди иштиғол мебошад.

Шавкат Мирзиёев дастур дод, то аввали июли 2019 тарҳи қонуни “саршумории умумии аҳолиро танзим кунанд.