Феврал 21, 2019 18:39 Asia/Dushanbe
  • Дидори дабири куллии СҲШ ва вазири умури хориҷаи Қирғизистон

Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай(СҲШ) ва вазири умури хориҷаи Қирғизистон дар шаҳри Пекин дидор ва масоили марбут ба баргузории нишастҳои ояндаи ин созмон дар шаҳри Бишкекро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Чингиз Айдарбеков, вазири умури хориҷаи Қирғизистон дар боздиди расмӣ аз Чин бо Владимир Норов, СҲШ дар шаҳри Пекин дидор кард.

Бар асоси ин гузориш, тарафайн масоили марбут ба баргузории нишастҳои созмони мазкур дар шаҳри Бишкекро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мақомоти мазкур дар ин дидор махонизми таомули давлати Қирғизистон ва сохторҳои СҲШ-ро мавриди баррасӣ қарор дода ва ба натиҷаи комиле дар ин замина расиданд.

Дабири кулли СҲШ ва вазири умури хориҷаи Қирғизистон бар идомаи тақвияти ҳамкории иқтисодии дуҷониба таъкид карданд.

Шоёни зикр аст, ки имсол Қирғизистон дар қолаби раёсати худ дар СҲШ мизбони нишасти шӯрои сарон, нишасти шӯрои вазирони умури хориҷа, нишасти раисони шӯроҳои амният, нишасти шӯрои вазирони дифо ва ғайра мебошад.

Созмони ҳамкории Шанхай(СҲШ) як созмони байналмилалии байнидавлатӣ аст, ки дар таърихи 15 июни соли 2001 мелодӣ дар Шанхайи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шудааст.

Дар нишасти ин созмон, ки таърихи 8 ва 9 июни соли 2017 милодӣ дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд, Ҳиндустон ва Покистон узви доимии Созмони ҳамкории Шанхай шуданд.

Акнун Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири ин созмон ҳастанд.

Туркия, Шри-Ланка (Sri Lanka), Арманистон, Озарбойҷон, Непал ва Камбоҷа шарики гуфтугӯ бо ин созмон ҳастанд.