Феврал 28, 2019 20:53 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар тазмини амнияти Осиёи Марказӣ дар баробари терроризм

Муовини раиси пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон гуфт, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) дар сутӯҳи боло, амнияти Осиёи Марказиро дар баробари таҳдидҳои террористӣ таъмин мекунад.

Ба гузориши Форс,Сергей Алексеев, муовини пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Канди Қирғизистон дар нишасте бо мавзӯи «мубориза бо терроризм- чолишҳои муштарак», таъкид кард, дар соли 2019 дар чорчӯби СПАД, размоишҳои низомӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Қирғизистон баргузор шавад.

Мақоми рус афзуд, имрӯз наметавон ба танҳоӣ бо терроризм мубориза кард, ба ҳамин далел барои муқобила бо ин муъзал, ҳамкории низомӣ ва амниятӣ байни кишварҳои минтақа бояд тақвият шавад.

СПАД дар соли 1992 ва бо мушорикати кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон бо ҳадафи маҳдуд кардани заминаи густариши Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва нуфузи Амрико дар ҳавзаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамсоягонашон ташкил шуд.

 

Барчасп