Март 06, 2019 12:20 Asia/Dushanbe
  • Тарошидани иҷбории риши ҷавонон дар Туркманистон

Полиси Ишқобод пойтахти Туркманистон, ҷавонони дорои ришро маҷбур ба тарошидани риши худ мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, полиси Ишқобод  чанд моҳ аст, ки  ҷавонони дорои ришро дар хиёбонҳо ҷамъоварӣ мекунад ва риши онҳоро дар маконҳои мушаххасшуда метарошад.

Бар асоси ин гузориш, ба ғайр аз афроде ки сину соли онҳо боло аст ва решсафедони Туркманистон дигар шаҳрвандони ин кишвар ба вижа дар Ишқобод ҳақ надоранд риш бигузоранд.

Ҳамчунин дар Туркманистон шаҳрвандон ҳақ надоранд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет, дар бораи Ислом ва таълимҳои дини Ислом ҷустуҷӯ кунанд ва агар шахсе дар Туркманистон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет барои мавзӯъҳои бо мазмунҳои мазҳабӣ ва динӣ муроҷиъа кунад билофосила аз сӯи сервисҳои амниятӣ боздошт мешавад.